- қадр
- [قدر]а1. андоза, миқдор, андоза ва миқдори ҳар чизе; қадре а) миқдоре, андозае, як андоза; андаке, каме; муқ. як қадар: қадре васеътар, қадре дуртар, қадре калонтар, қадре саросема шуда, қадре ба ғазаб омада, қадре қувват гирифтан, қадре хурсанд шудан, қадре хӯрда дидан; б) муддате, чанде: боз қадре, қадре андеша кардан, қадре гуфтушунид кардан, қадре кор кардан, қадре нигарон шуда истодан, қадре хобидан; ба қадре ки… а) ба андозае ки…, ба миқдоре ки…; б) то он дараҷае, ки…; то он ҷое ки…; бо қадре бо каме, бо андаке, бо як қадар: бо қадре бетоқатӣ, бо қадре ихтисор; ба қадри… а) ба андозаи…, ба миқдори…; тахминан: ба қадри донаҳои арзан, ба қадри гунҷоиши…, ба қадри чаҳор ангушт, ба қадри як қади одам; б) мувофиқи…, муносиби…, аз рӯи…: ба қадри дониши худ, ба қадри тавон; ин қадр // он қадр ниг. қадар; ҳар қадр ниг. қадар; чӣ қадр ниг. қадар; ба қадри даркорӣ ба андозае, ки лозим аст, ба миқдори зарурӣ; ба қадри дилхоҳ ба андозае, ки дил мехоҳад, мувофиқи табъи дил; ба қадри зарурӣ а) ниг. ба қадри даркорӣ; б) зарурӣ, лозимӣ, даркорӣ; ба қадри имкон то ҳадде, ки имкон аст; ба қадри кофӣ ба он миқдору андозае, ки эҳтиёҷро қонеъ кунад; ба қадри расамашон аз рӯи расиданаш ба сари ҳар кас; ба қадри ҳол ба андозаи қувват ва тавоноӣ, алоқадри ҳол; мувофиқи имкон2. қимат, арзиш; эътибор, қурб; мартаба: қадру қимат, қадр доштан, қадру қимати худро гум кардан, қадру эътибор доштан, қадру манзалат доштан; қадр кардан нав. тақдир кардан; сарфароз гардонидан; қадри касе (чизе) ро донистан // қадри касе (чизе)ро шинохтан ниг. ба қадри касе ё чизе расидан; шаби қадр ниг. лайлатулқадр; ба қадри як сари мӯ ба қадри бисёр ночиз, каме ҳам, як зарра; қадри касе (чизе) гузаштан набудани касе ё чизе маълум шудан (дар вақти аз даст додани касе ё чизе ва ё дастрас набудани чизе афсӯс хӯрда мегӯянд); қадри неъмат баъд аз завол (зарб.); одам дар вақти дастрас будани чизе қадру қимати онро намедонад ва баъди аз даст рафтани он ба қадраш мерасад, набудани онро ҳис мекунад; оби дари хона қадр надорад (мақ.) ниг. об
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.